Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон идома дорад

Вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати президенти Тоҷикистон интихоб гардиданаш идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ирсолнамудаи президенти Русия ба ин муносибат зикр мегардад, ки ғалабаи комил дар интихобот нишонаи сатҳи баланди эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Шумо ва хизматҳои шахсии Шумо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат […]

ASIA-Plus


Вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати президенти Тоҷикистон интихоб гардиданаш идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия ирсолнамудаи президенти Русия ба ин муносибат зикр мегардад, ки ғалабаи комил дар интихобот нишонаи сатҳи баланди эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Шумо ва хизматҳои шахсии Шумо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад. «Робитаҳои миёни Русия ва Тоҷикистон хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда доранд. Мехоҳам ҳавасмандиро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ва баҳри таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям», – гуфта мешавад дар барқияи Владимир Путин.

Дар барқияи шодбошии президенти Туркия Абдулло Гул омадааст: «Баргузории бомуваффақияти интихобот дар шароити тинҷиву оромӣ хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад. Равобити дӯстонаву бародаронаи байни кишварҳо ва халқҳоямон дар самтҳои гуногун рушду таҳким ёфта истодааст. Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав низ саъю ғайрати хешро дар ин ҷода дареғ нахоҳед дошт».

Алмазек Атамбоев, президенти Қирғизистон дар барқияи худ изҳор менамояд: «Пирӯзии комили Шумо дар интихобот нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик ба Шумо ва хидматҳои Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аст. Робитаҳои анъанавии дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола беш аз пеш фарогиртар шуда,  ба худ хусусияти динамикӣ касб мекунанд».

Дар қатори сарони кишварҳо ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Дмитрий Мезентсев ва котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа низ паёми шодбошӣ расида, дар фаъолияти минбаъда ба прзиденти тозаинтихоби Тоҷикиситон комёбиҳо орзу шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.