Нахуствазири Люксембург Жан-Клод Юнкер ба муносибати бори навбатӣ ба мансаби президенти Тоҷикистон интихоб шудан ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотӣ Жан-Клод Юнкер Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот муборакбод намуда, изҳори умедворӣ мекунад, ки муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳо ва мардумони Тоҷикистону Люксембург боз ҳам тавсеа меёбанд.
Қобили зикр аст, ки алҳол Люксембург ягона кишвари Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт.


