Омодагии Исфара ба ҳамоиши сармоягузорӣ баҳри рушди шаҳр

Date:


Рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳамоиши сармоягузорӣ оид ба барномаи рушди шаҳр доир мегардад, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии дастандаркорони ҳамоиш ҷалби сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мебошад. «Дар кори ҳамоиш беш аз 100 нафар соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 25 созмони хориҷӣ, роҳбарони вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд варзид», – иброз дошт ӯ.

Дар идома зикр гардид, ки дар ҳамоиш барномаи рушди шаҳри Исфара дар давраи солҳои 2013-207, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд, муаррифӣ мешавад. «Дар доираи ин барнома амалисозии 338 лоиҳа ба маблаги умумии 1 млрд. 480,6 млн. сомонӣ дар қаламрави шаҳри Исфара дар назар аст», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...