Муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров сардори намояндагии нозирони интихоботи президенти Тоҷикистон аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон сафир Параскива Бадеску ва таҳлилгари масоили сиёсии созмонҳои номбурда Павел Гантарро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфта, дар атрофи натиҷаҳои интихоботи президентии Тоҷикистон, ки ба таърихи 6 ноябри соли равон барпо гардид, табодули назар карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Сафар Сафаров меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба корҳои анҷомдодаи ташкилотҳои ҳизб ҷиҳати таблиғу ташвиқи номзади ҳизб ва самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ӯ дар маъракаи мазкур ва анҷоми дигар тадбирҳои вобаста ба он маълумот дода, зикр намуд, ки интихобот вокеан ҳам озоду шаффоф ва ба таври демократӣ гузашт.
«Иштироки мардум дар интихобот хеле фаъолона буд. Ҳаддди ақал дар дар ин маъракаи сиёсӣ қариб 87 фоизи интихобкунандаҳо ширкат варзиданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми кишвар нисбати тақдири минбаъдаи худ бетафовут нестанд. Мо бо назардошти ислоҳ намудани камбудиҳои интихоботҳои гузашта мардумро муташаккилона ба интихобот ҷалб намудем. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ низ кори худро дар сатҳи баланди ташкилӣ роҳандозӣ кард. Баъзе норасоиҳои ҷузъие, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ сурат гирифтанд, аз надонистани муқаррароти қонун ва ҳувияти мардум вобастагӣ дорад. Ин камбудиҳо албатта ислоҳшавандаанд ва мо дар маъракаҳои баъдӣ онҳоро рафъ месозем», – иброз дошт ӯ зимни суҳбат.
Гуфта мешавад, роҳбари нозирони САҲА хонум Параскива Бадеску дар бораи фаъолияти пурмаҳсули миссияи нозирони САҲА ва ДИДХБ маълумоти мухтасар дода, ба масъалаи ба таври алтернативӣ гузаштани интихобот, корҳои анҷомдодаи аҳзоби сиёсӣ, фаъолнокии мардум дар интихобот назари хешро баён дошта, ба чигунагии вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва минтақа, бахусус баъди хуруҷи нируҳои низомии НАТО аз Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ниҳояти суҳбат аз он изҳори хушнудӣ кард, ки дар чанд рӯзи будубош мардуми Тоҷикистонро воқеан ҳам сарбаланду ғаюр ва дар рафтору муносибат самимӣ шинохтааст.


