Модари маҳбуси 21-сола Олим Шоев, ки дар муассисаи ислоҳии №3/4 (бештар маъруф бо «колония»-и 1-ум дар Советский») адои ҷазо мекунад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, аз он шикоят кард, ки писараш мавриди лату кӯби кормандони муассиса қарор гирифтааст.
«Ин ҳодиса рӯзи 18-уми ноябр ба вуқӯъ пайваста, писарам тавассути телефон ба ман хабар дод, ки чор нафар кормандони муассиса бидуни сабабе, танҳо барои хоҳиши ба бар кардани куртка баъди аз рентен гузаштан ӯро лату кӯб кардаанд», – гуфт модари маҳбус.
Рӯзи дигар тағои Олим бо ӯ вохӯрда, дар рӯи Олим осори захму лату кӯбро мебинад ва мегӯяд, ки ӯ базӯр роҳ мерафт, вале ба аз назар гузаронидани тамоми ҷисмаш ба ӯ иҷозат надодаанд.
Баъди шикоят ба КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар мақомот, прокуратура ҳолатҳои ин ҳодисаро санҷида, маълумот додааст, ки дар ҷисми Шоев ҷароҳатҳои сабук мушоҳида шудаанд, ки ба ҳаёт ва саломатӣ безараранд, вале модари маҳбус мегӯяд, ки «онҳо барои баргузории ташхиси мустақил талош хоҳанд варзид».
Номбурда ҳамчунин гуфт, хоҳони он аст, ки мақомоти дахлдори давлатӣ ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода, афроди гунаҳкор муҷозот шаванд.



