Китоби Гул Шералӣ дар бораи дастовардҳои бахши энергетикаи ҷумҳурӣ

Китоби нав бо номи «Энергетика ва саноати Тоҷикистон: марҳилаҳои нави рушд» бо таълифи вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар ҳаҷми 415 саҳифа ва теъдоди 1000 нусха ба нашр расид. Бино ба маълуомти шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, мундариҷаи китоби тозанашр ба масоили рушди соҳаҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, зинаҳои болоравии он, […]

ASIA-Plus


Китоби нав бо номи «Энергетика ва саноати Тоҷикистон: марҳилаҳои нави рушд» бо таълифи вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар ҳаҷми 415 саҳифа ва теъдоди 1000 нусха ба нашр расид.

Бино ба маълуомти шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, мундариҷаи китоби тозанашр ба масоили рушди соҳаҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, зинаҳои болоравии он, дастовардҳои тӯли солҳои истиқлолияти мамлакат бавуҷудомада бахшида шуда, саҳми соҳаҳои мазкурро дар рушди маҷмуи иқтисодиёти мамлакат инъикос менамояд.

Китоби мазкур аз таҳлили васеи Комплекси сӯзишворию энергетикӣ, бахусус соҳаҳои гидроэнергетика, энергияи дар иншоотҳои барқу гармидиҳӣ ва манбаъҳои барқароршаванда тавлидшаванда, соҳаҳои истихроҷ ва коркарди ангишт ва нафту газ, муайян намудани мақсаду вазифаҳо ва роҳу воситаҳои ноилшавӣ ба он иборат мебошад.

Дар бахши саноат натиҷаҳои тараққиёти ҳар як соҳаи саноат инъикос гардида, самтҳои рушди онҳо барои 10 соли оянда (солҳои 2013-2022) муайян гардидаанд. Дар он роҳу усулҳои пешрафти соҳаҳо дар давраи дарозмуддат ва самтҳои муҳимтарини рушди онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ асоснок карда шудаанд.

Мақсади асосӣ ба таъмини рушди бемайлон ва устувори соҳаҳои саноати кишвар бо роҳи диверсификатсияи истеҳсолот ва гузариш аз тавлиди ашёи хому нимтайёр ба сикли пурраи истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатнок ва хизматрасонии босифат нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, таҳкими иқтидори иҷтимоии сектори хусусӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, баланд бардоштани мавқеи он дар ҳалли проблемаҳои шуғл ва бекорӣ, афзоиши даромаднокӣ ва инкишофи хусусиятҳои касбию зеҳнии кормандони соҳа, таҳкими сохтори таркибии истеҳсолот, самарабахш гардонидани сиёсати инвеститсионӣ ва инноватсионӣ ва такмили механизми дастгирии давлатӣ тариқи таъмини санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба бахши воқеъии иқтисодиёт, дар китоби мазкур мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Китоби «Энергетика ва саноати Тоҷикистон: марҳилаҳои нави рушд»дар асоси истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ ва табиӣ ҳамчун заминаҳои асосии рушди иқтисодиёт, тағйиротҳои сифатан ва шаклан куллии соҳаҳои энергетика ва саноати ҷумҳуриро пешниҳод намуда, дар расидан ба ҳадафҳои асосии Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор хоҳад буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.