Нозироти нақлиёт: Ба фаъолияти таксиҳои 3-сомона монеъае нест

– Фаъолияти «таксиҳои 3-сомона» аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе расман манъ нашудааст ва минбаъд низ намешавад», – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати нозирот ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе Фаррух Каримов. Ба гуфтаи ӯ, маълумоти чанде аз васоити ахбори умум дар бораи аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт манъ кардани фаъолияти ин таксиҳо […]

Заррина Эргашева


– Фаъолияти «таксиҳои 3-сомона» аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе расман манъ нашудааст ва минбаъд низ намешавад», – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати нозирот ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе Фаррух Каримов.

Ба гуфтаи ӯ, маълумоти чанде аз васоити ахбори умум дар бораи аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт манъ кардани фаъолияти ин таксиҳо нодуруст буда, мақомоти шаҳрдорӣ танҳо хоҳони он аст, ки онҳо дар доираи қонунгузорӣ ва тибқи иҷозатномаи дахлдор фаъолият намоянд.

«Ин навъи нақлиёт бояд мувофиқи қарордод бо яке аз ширкатҳои нақлиётӣ кор кунад, вале онҳо мустақилона ва ғайриқонунӣ фаъолият доранд, ки мухолифи қонунҳо ва қарорҳои ҷудогонаи раиси пойтахт аст», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Каримов зикр кард, ки ба мушкилоти камбуди воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахт ба хубӣ огоҳ аст ва мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати ҳаллу фасли он ҳамаҷониба тадбирҳо андешида, дар ин росто манъ кардани фаъолияти кадоме аз воситаҳои нақлиёти мусофирбар мантиқӣ нест, вале ҳама гуна фаъолиятро мебояд аз рӯи қонун роҳандозӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.