Кушта шудани яке аз роҳбарони гурӯҳи қочоқбарони афғон дар марз

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳади афғону-тоҷик, дар ҳудуди ноҳияи наздисарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти махсусро гузарониданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми амалӣ намудани амалиёти бисёрмарҳила, ки дар давоми  якчанд моҳ коркард шуда буд, канали махсусан […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳади афғону-тоҷик, дар ҳудуди ноҳияи наздисарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти махсусро гузарониданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми амалӣ намудани амалиёти бисёрмарҳила, ки дар давоми  якчанд моҳ коркард шуда буд, канали махсусан калони интиқоли маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ  ва минбаъд ба Россияву Европа баста шуд.

Қочоқчиёни афғон, ки бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буданд, аз торикии шаб истифода ва сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, кӯшиш намуданд маводи мухаддири ҳаҷман бисёр калонро аз Афғонистон ба қаламрави кишвари мо интиқол диҳанд.

Ба амри убур накардани сарҳад,    қочоқчиён  аз силоҳи оташфишон тирпаррониро шурӯъ намуданд.

Дар ҷараёни тирпарронӣ яке аз саркардагони гурӯҳи  ҷиноятпешаи мухаддиротӣ  кушта ва ба дигар аъзоёни  гурӯҳ муяссар шуд, ки дар он тарафи сарҳад паноҳ баранд.

Дар натиҷа, дар ҷои ҳодиса як халта пайдо карда шуд, ки дар дохили он 14 брикети ранги ҷигарӣ бо бӯи махсус, инчунин маводи алафмонанд ёфт ва мусодира карда шуд.

Илова бар ин  аз ҷои ҳодиса 2 адад  норинҷаки дастии зиддипиёдаи Ф-1 ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид. Тибқи хулосаи ташхисӣ, маводи гирифташуда навъи “ҳашиш” ва “каннабис” буда, вазни он 15 килоро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми махсусан калони маводи мухаддир, ки барои интиқоли минбаъда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баъдан ба Россияву Европа пешбинӣ ва маблағҳои аз фурӯши он бадастомада барои маблағгузории гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, инчунин экстремистҳо ва террористҳо мумкин истифода мешуд, несту нобуд гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.