Президенти ФИФА тими «Равшан»-ро бо пирӯзӣ табрик кард

spot_imgspot_img

Дата:


Президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер дар робита ба пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар мусобиқоти Чемпионати Лигаи олии мамалакат оид ба футбол ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон нома ирсол намуд.

Бино ба маълумоти ФФТ, дар номаи Блаттер аз президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дархост мешавад, ки «табрикоти самимии маро ба дастаи фуутболи «Равшан» ба муносибати маротибаи дуюм чемпиони Тоҷикистон шудан ва анҷоми чемпионат бидуни ягон шикаст бирасонед».

«Табрикот ва орзуҳои неку самимии маро ба ҳамаи бозингарони даста, менеҷерон, ҳайати техникӣ ва тиббӣ ва ҳамаи мухлисони даста бирасонед, зеро бидуни шубҳа онҳо дар ғалабаи даста саҳми беандоза доранд. Аз номи ҷомеаи футболи ҷаҳон барои бозии зебо ба дастаи «Равшан» миннатдорӣ изҳор намуда, ба ҳамаи ҳайати даста дар оянда комёбиҳо таманно дорам», – омадааст дар номаи президенти ФИФА.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...