Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави кишвар қарордоштаро аз руи синнусол ба санаи 13-уми ноябри соли равон нашр кард.
Бино ба маълумоти Хадамот, аввали нимаи дуюми моҳи ноябр аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 146 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 962,2 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 183,4 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.
Аз ҷумла, ба санаи 13-уми ноябр 90 ҳазору 301 нафар шаҳрвандони тоҷики ҷинси марди то 17-сола, 493 ҳазору 709 нафар – аз 18 то 29-сола, 213 ҳазору 893 мардони аз 30 то 39-сола, 123 ҳазору 940 нафар – аз 40 то 49-сола, 35 ҳазору 948 нафар – аз 50 то 59-сола ва 4 ҳазору 501 нафар –аз синни 60-сола болотар дар қаламрави Русия қарор доштаанд.
Шумори занони тоҷики ба аввали тирамоҳ дар қаламрави Русия қарордоштаро 36 ҳазору 461 нафар – то 17-сола, 64 ҳазору 873 нафар – аз 18 то 29-сола, 45 ҳазору 737 нафар– аз 30 то 39-сола, 25 ҳазору 435 нафар – аз 40 то 49-сола, 8 ҳазору 275 нафар – аз 50 то 59-сола ва 2 ҳазору 640 нафар – аз 50-сола боло ташкил додаанд.
Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ зиёда аз 970 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 721 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 88 ҳазор нафар баробар аст.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 710 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 8,5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.
Дар ин давра беш аз 489 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки наздики 419 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 70 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.



