Пешниҳоди Раҳмон дар бораи ивази яке аз сараудиторони Палатаи ҳисоб

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод кардани Зикрихудо Самадов пешниҳод ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Самадов бинобар сабаби қаблан аз ҷониби президент ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ таъин шуданаш, аз ин вазифа сабукдӯш мегардад. «Президент ҳамчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод кардани Зикрихудо Самадов пешниҳод ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Самадов бинобар сабаби қаблан аз ҷониби президент ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ таъин шуданаш, аз ин вазифа сабукдӯш мегардад.

«Президент ҳамчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ номзадии Акрамхон Кӯчакшоевро, ки қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Ишкошими ВАМКБ ифои вазифа мекард, ба вазифаи сарудитори Палатаи ҳисоби ҶТ пешниҳод кард», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.