Коҳиши шумори пардохтҳои андоз дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ

Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ коҳиши назаррасии нишондиҳандаи вақти зарурӣ барои мутобиқати меъёриву ҳуқуқӣ (220 соат) ва шумори пардохтҳо аз андоз (25 пардохт) ба мушоҳида мерасад. Дар гузориши нав таҳти унвони «Пардохти андоз-2014»-и таҳияшуда аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байнулмилалии асъор ва Pricewaterhouse Coopers дар ин робита зикр мегардад, ки бидуни […]

ASIA-Plus


Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ коҳиши назаррасии нишондиҳандаи вақти зарурӣ барои мутобиқати меъёриву ҳуқуқӣ (220 соат) ва шумори пардохтҳо аз андоз (25 пардохт) ба мушоҳида мерасад.

Дар гузориши нав таҳти унвони «Пардохти андоз-2014»-и таҳияшуда аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байнулмилалии асъор ва Pricewaterhouse Coopers дар ин робита зикр мегардад, ки бидуни назардошти кишварҳои Африқо, дар ин минтақаҳо меъёри умумии андоз (15,7 банди фоизӣ) ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, нишондиҳандаи сатҳи миёнаи меъёрӣ андоз дар ин минтақа 39,5%-ро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаи сатҳи ҷаҳонӣ (43,1%) нисбатан камтар аст.

Дар гузориш қайд мешавад, ки аз соли 2004 ҳиссаи аз ҳама бештар (тақрибан 50%) дар меъёри умумии андоз дар минтақаҳои мазкур ба андози фонди музди меҳнат рост омада, дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳиссаи ин нишондиҳанда ба андозҳои «дигар» мансуб аст, ки ба беш аз 60% аз нишондиҳандаи меъёри умумии андоз баробар аст.

Гуфта мешавад, нишондиҳандаи миёнаи вақти зарурӣ барои мутобиқати меъёриву ҳуқуқӣ дар ин минтақа 256 соатро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаи миёнаи сатҳи ҷаҳонӣ 12 соат (268 соат) камтар буда, тайи 9 сол вақти зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи пардохти андоз 46% камтар шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки аз 19 кишварҳои минтақа 12 кишвар низоми электронии пешниҳоди ҳисоботи пардохти андозро ҷорӣ карда, шумори пардохтҳо аз рӯи андоз дар ин минтақа 29,6 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба сатҳи ҷаҳонӣ (26,7) нисбатан зиёдтар мебошад. Дар муддати давраи 9-сола шумори пардохтҳо мунтазам (25 адад) коҳиш ёфта, аз 54,4 то ба 29,5 расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои дигар минтақаҳо ду баробар зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.