Конфронси байналмилалии «Хидматрасониҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат»

Рӯзи 27-уми ноябри соли равон дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва зерҳисоботӣ» таҳти унвони «Хидматрасониҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат» конфронси байналмилалӣ баргузор  мекунад. Тавре аз Шуъбаи ИҶК-БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади конфронси мазкур баррасии таҷрибаи байналмилалӣ оид ба […]

ASIA-Plus


Рӯзи 27-уми ноябри соли равон дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва зерҳисоботӣ» таҳти унвони «Хидматрасониҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат» конфронси байналмилалӣ баргузор  мекунад.

Тавре аз Шуъбаи ИҶК-БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади конфронси мазкур баррасии таҷрибаи байналмилалӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, баландбардории дастрасӣ ва сифатнокӣ, механизми  мониторинги ҷамъиятии сифати хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи номгӯ ва стандарткунонии хизматрасониҳои давлатӣ, имконияти истифодабарии таҷрибаи мавҷуда дар Чумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб дар ҳамкорӣ бо идораҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ лоиҳаҳои зиёдеро оид ба баландбардории сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва татбиқи ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад. Соли 2013 барномаи «Ташаббусхои шаффофият ва зерҳисоботи»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази таълими иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушд» таҳлили системаи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва имкониятҳои таҳияи номгӯи хизматрасониҳои давлатиро дар Тоҷикистон гузаронд. Дар натиҷа як қатор тавсияҳо барои мақомоти давлатие, ки дар масоили ислоҳот кор мебаранд,  тайёр карда шуданд. Дар конфронси мазкур натиҷаи  таҳлил ва тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.

Дар конфронс иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъятии Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои иштирок дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, коршиносони мустақил ва  намояндагони илму маорифи Тоҷикистон даъват мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.