ХФМ: Нимаи ноябр шумори шаҳрвандони тоҷик беш аз 1 млн. 146 ҳазор нафарро ташкил дод

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави кишвар қарордоштаро аз руи синнусол ба санаи 13-уми ноябри соли равон нашр кард. Бино ба маълумоти Хадамот, аввали нимаи дуюми моҳи ноябр аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 146 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави кишвар қарордоштаро аз руи синнусол ба санаи 13-уми ноябри соли равон нашр кард.

Бино ба маълумоти Хадамот, аввали нимаи дуюми моҳи ноябр аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 146 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 962,2 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 183,4 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.

Аз ҷумла, ба санаи 13-уми ноябр 90 ҳазору 301 нафар шаҳрвандони тоҷики ҷинси марди то 17-сола, 493 ҳазору 709 нафар – аз 18 то 29-сола, 213 ҳазору 893 мардони аз 30 то 39-сола, 123 ҳазору 940 нафар – аз 40 то 49-сола, 35 ҳазору 948 нафар – аз 50 то 59-сола ва 4 ҳазору 501 нафар –аз синни 60-сола болотар дар қаламрави Русия қарор доштаанд.

Шумори занони тоҷики ба аввали тирамоҳ дар қаламрави Русия қарордоштаро 36 ҳазору 461 нафар – то 17-сола, 64 ҳазору 873 нафар – аз 18 то 29-сола, 45 ҳазору 737 нафар– аз 30 то 39-сола, 25 ҳазору 435 нафар – аз 40 то 49-сола, 8 ҳазору 275 нафар – аз 50 то 59-сола ва 2  ҳазору 640 нафар – аз 50-сола боло ташкил додаанд.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ зиёда аз 970 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 721 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 88 ҳазор нафар баробар аст.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 710 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 8,5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.

Дар ин давра беш аз 489 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки наздики 419 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 70 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.