Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар арафаи анҷомёбист


То аввали ҳафтаи равон хоҷагиҳои пахтакори кишвар ҳудуди 392 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 96%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, айни замон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, ҳудуди 8,3 ҳазор ба ин маърака сафарбар шудаанд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки кишоварзони вилояти Хатлон аллакай то ахири моҳи октябр 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда, аз уҳдаи иҷрои нақша баромада буданд.

Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ, то аввали ҳафтаи равон дар вилояти Суғд 112,5 ҳазор тонна ё худ 95%-и нақша ва дар навоҳии тобеи марказ 11,4 ҳазор тонна ё худ ҳамагӣ 48%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 406 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное