Гунаҳкории аъзои оилаи Тағоймуродовҳо ва Чоловҳо дар садамаҳои нақлиёт

Бахтиёр Тағоймуродов, писари сардори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ Алимурод Тағоймуродов ба рух додани садамаи нақлиёти марговар бо автомашинаи тамғаи «Тoyota Land Cruiser» гумонбар дониста мешавад. Шоми рӯзи 23-юми ноябр ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, дар қаламрави деҳаи Элок ӯ ба автомашинаи тамғаи «Мерселес» таҳти идораи Максим Зохови 27-сола бармехӯрад. Бино ба иттилои ВКД ҶТ, […]

ASIA-Plus


Бахтиёр Тағоймуродов, писари сардори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ Алимурод Тағоймуродов ба рух додани садамаи нақлиёти марговар бо автомашинаи тамғаи «Тoyota Land Cruiser» гумонбар дониста мешавад.

Шоми рӯзи 23-юми ноябр ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, дар қаламрави деҳаи Элок ӯ ба автомашинаи тамғаи «Мерселес» таҳти идораи Максим Зохови 27-сола бармехӯрад.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, бар асари ин бархӯрд «Мерседес» ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи «Опел-Астра»-и таҳти идораи Сафарбек Камолҷон бармехӯрад. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи «Опел» – Дилшод Байдуллоеви 34-сола ва Сафархон Камолҷони 30-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Боз ду мусофири дигар – Мақсудҷон Аҳмадҷонови 33-сола ва Далер Байдуллоеви 25-сола ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шудаанд. Дар бораи осеб дидани худи Бахтиёр Тағоймуродов ва ронандаи «Мерседес» Максим Зохов маълумот дода намешавад.

ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки Бахтиёр Тағоймуродов қаблан дар прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт фаъолият мекард, вале ба гумони даст доштан ба кадом як ҷинояте ӯро аз кор озод кардаанд.

Худи ҳамон рӯз бо иштироки боз яке аз аъзои оилаи маъруф дар Тоҷикистон – Чоловҳо низ як ҳодисаи садамаи нақлиёти дигар рух додааст.

Нимаи рӯз дар маркази пойтахт сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб Панҷшер Чолов дар ҳолати сархушӣ аз машрубот бо автомашинаи тамғаи «Лексус» донишҷӯи 18-солаи Донишкадаи забонҳо Дилшод Худоиевро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Раҳгузари осебдида минбаъд ба бемористон мунтақил шудааст.

Панҷшер Чолови фирорнамуда баъдан боздошт шуда, ба ҷинояти содиркардааш иқрор ва изҳор намудааст, ки бидуни ҳуҷҷати иҷозати ронандагӣ автомашинаро идора намудааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо иштироки писари 16-солаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Расул Амонуллои 16-сола рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Чанде қабл президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин масъала талаб кард, ки тамоми гунаҳкорони садамаҳои нақлиёт, аз ҷумла фарзандони мансабдорони воломақом низ мавриди муҷозот қарор дода шаванд.

https://www.youtube.com/watch?v=QtsZR8Y6hL4

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.