Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Барномаи зиддимухаддиротии СММ

Тоҷикистон дар амалисозии  “Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014”  фаъолона иштирок менамояд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар доираи  ин Барнома аз соли  2012 бо пешниҳоди  Агентӣ Ҷаласаи роҳбарони мақомоти  зиддимухаддиротии […]

ASIA-Plus


Тоҷикистон дар амалисозии  “Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014”  фаъолона иштирок менамояд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар доираи  ин Барнома аз соли  2012 бо пешниҳоди  Агентӣ Ҷаласаи роҳбарони мақомоти  зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (Ташаббусҳои АҚТ) амал менамояд.

Вобаста ба ин бо пешниҳоди Агентӣ 29 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе гузаронидани Вохӯрии байналмилалии вазирон/сарони мақомоти зиддимухаддиротӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашаовар, арзёбӣ ва пешгӯиҳои инкишофи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа бо иштироки ҳайати Афғонистан, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Хитой, ИМА, Туркия, инчунин намояндагони РСММ ва Иттиҳоди Аврупо дар назар аст, ки ҳамаи онҳо иштироки худро дар ин ҷаласа тасдиқ намудаанд.

Дар доираи вохӯрӣ муносибати ягона ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва муқовимат бо мухаддирот дар минтақа баъд аз баровардани Қувваҳои эътилофӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва додани баҳои ҳақиқӣ ба омодагии ҷонибҳо, барои қабули чораҳои зиддимухаддиротии комилан мувофиқ баррасӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки  гузаронидани вохӯрии мазкур ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар чунин шакл бори  аввал  гузаронида мешавад. Яке аз аввалинҳо шуда, ин ташаббусро Муовини Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, Директори Иҷрояивии РСММ оид ба нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ  Юрий Федотов дастгирӣ намуда, ба баргузории он баҳои баланд дод ва изҳор намуд: “Шакли гузаронидани вохӯрии мазкур яке аз  қадамҳои мустаҳкам дар муборизаи муштарак  бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.