Сафари Расулзода ба Тошканд алҳол мушаххас мешавад

– Сафари аввалини хориҷии нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сурат мегирад. Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ӯ дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28-29-уми ноябр) ширкат меварзад, – иттилоъ медиҳад портали иттилоотии 12uz.com. Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз ҷиҳати сафари нахуствазири тозатаъин […]

Пайрав Чоршанбиев


– Сафари аввалини хориҷии нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сурат мегирад. Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ӯ дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28-29-уми ноябр) ширкат меварзад, – иттилоъ медиҳад портали иттилоотии 12uz.com.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз ҷиҳати сафари нахуствазири тозатаъин ба Тошканд ба хулосаи мушаххасе нарасидаанд ва ин маълумотро танҳо нимаи дуюми рӯз метавон дастрас намуд.

Гуфта мешавад, иштироки худ дар ҷаласаи Тошкандро нахуствазирони Қазоқистон Серик Ахмедов ва Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев тасдиқ кардаанд.

Дар ҷаласаи мазкур имзои созишнома дар бораи ташкили роҳ (коридор)-и байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ аз шаҳри бандарии Люнгани Чин то Санкт-Петербурги Русия дар назар аст, ки ба ин васила кишварҳои узви СҲШ то соли 2017 роҳҳои дахлдори дохилиро барои дигар аъзои созмон боз мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Созмони ҳамкории Шанхай кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Давлатҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозири СҲШ ва Белорусу Туркия ва Шри-Ланка мақоми шарикон оид ба муколама дар созмонро доро мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.