Оғози истеҳсоли комбикорм дар Тоҷикистон бо меъёрҳои аврупоӣ

Дар Тоҷикистон корхонаи муштараки «Нутристар Тоҷикистон»-и Тоҷикистону Фаронса оид ба истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) таъсис дода шуд, ки ахири моҳи январи соли 2014 бо иқтидори пурра ба фаъолият оғоз хоҳад намуд. Созишнома дар бораи ҷудо кардани 2,2 млн. доллари ИМА аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC)-ро чанде қабл дар Душанбе менеҷери минтақавии IFC дар […]

Заррина Эргашева


Дар Тоҷикистон корхонаи муштараки «Нутристар Тоҷикистон»-и Тоҷикистону Фаронса оид ба истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) таъсис дода шуд, ки ахири моҳи январи соли 2014 бо иқтидори пурра ба фаъолият оғоз хоҳад намуд.

Созишнома дар бораи ҷудо кардани 2,2 млн. доллари ИМА аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC)-ро чанде қабл дар Душанбе менеҷери минтақавии IFC дар минтақаи Осмиёи Марказӣ Муаззам Меан, директори ширкати фаронсавии Conseils et Competences en Productions Animales (CCPA) Пйер Имофф ва директори генералии «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба имзо расониданд.

Ба гуфтаи Пйер Имофф, мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон мусоид буда, ин кишвар бештар аз ҳама ба рушди чорводорӣ ниёз дорад. «Истеҳсоли комбикорм дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини хоҷагиҳои чорвопарварии маҳаллӣ бо навъҳои гуногуни хӯроки чорвои хушсифат, беҳбуди сифати ғизо ва солимии чорво ва ҳамчунин тақвияти рақобатпазириву хушсифатии маҳсулоти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад», – гуфт ӯ.

Директори генералии КМ «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева зикр кард, ки иқтидори навбати аввали корхона 36 ҳазор тонна комбикорм дар як солро ташкил дода, муддати 4 соли минбаъда афзоиши чор баробари ҳаҷми истеҳсолот дар назар аст. «Дар муқоиса бо маҳсулоти ба ин монанди хориҷӣ, арзиши маҳсулоти мо нисбатан пасттар шуда, аз рӯи сифат бошад, аз онҳо фарқе нахоҳад дошт», – иброз дошт номбурда.

Менеҷери минтақавии IFC дар минтақаи Осмиёи Марказӣ Муаззам Меан қайд кард, ки дар Тоҷикистон имрӯз бахши чорводорӣ яке аз соҳаҳои бузурги хоҷагидории ҷумҳурӣ ба шумор рафта, рушди он бевосита ба болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар дохили кишвар таъсир мерасонад. «Феълан 64%-и аҳолии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ машғули кор буда, мо мутмаинем, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба таъмини амнияти ғизоӣ дар ҷумҳурӣ, беҳтар шудани сифати маҳслуот ва рушди фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат хоҳад кард», – зикр кард ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.