Муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова ва вакили парлумон Нодира Турдиматова субҳи имрӯз ба пойтахти Белгия раҳсипор шуданд. Дар шаҳри Брюссел онҳо дар кори Форуми ҳамасолаи ҷаҳонии вакилзанони парлумон ширкат меварзанд.
Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар кори форум, ки дар Парлумони Аврупо доир мегардад, иштироки вакилзанони парлумонҳои саросари ҷаҳон дар назар аст.
Султонов зикр кард, ки дар доираи сафар ба Брюссел вакилзанони парлумони Тоҷикистон ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи рушди Аврупо низ ҳузур хоҳанд дошт.
Ғайр аз ин, илова намуд номбурда, намояндагони парлумони Тоҷикистон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳанд.



