Ҷалби 25 млн. $ аз Фонди саудии рушд барои сохтмони мактабҳо

Дар ҷаласаи имрӯзаи палаттаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» тасдиқ шуд. Зимни шарҳи муҳтавои созишнома ба вакилон муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки айни замон дар бахши маорифи кишвар бо ҷалби маблағи умумии 94,4 млн. $ 6 лоиҳа […]


Дар ҷаласаи имрӯзаи палаттаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» тасдиқ шуд.

Зимни шарҳи муҳтавои созишнома ба вакилон муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки айни замон дар бахши маорифи кишвар бо ҷалби маблағи умумии 94,4 млн. $ 6 лоиҳа мавриди амалисозӣ қарор дорад, ки 41 млн. $ аз ин маблағҳо бурс ва 33,3 млн. $ қарзҳои дарозмуҳлат мебошанд.

«Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» дар ҳаҷми умумии 25,7 млн. $ дар се марҳила амалӣ гардида, дар доираи ду марҳилаи аллакай татбиқшуда дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ 8 мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд, азнавсозӣ ва таҷҳизонида шуданд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда гуфт, дар чаҳорчӯби амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳа сохтмони 15 бинои мактаби муосир барои 18,4 ҳазор нафар толибилмон пешбинӣ гардида, дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар омӯзгорон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".