Баррасии шикояти кассатсионии ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 27-уми ноябр дар суди вилояти Суғд шикояти кассатсионии ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов баррасӣ мешавад, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Садриддин Саидов, адвокати журналист хабар дод, аз болои ин ҳукми суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурда шудааст. «Мо аз ҳукми суд розӣ нестем. […]

Мавлуда Рафиева


Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 27-уми ноябр дар суди вилояти Суғд шикояти кассатсионии ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов баррасӣ мешавад, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Садриддин Саидов, адвокати журналист хабар дод, аз болои ин ҳукми суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурда шудааст.

«Мо аз ҳукми суд розӣ нестем. Айбномаҳои ба зерҳимояи ман пешниҳодгардида исбот нашуданд. Ҳукми мазкур комилан бо такя ба гумону шубҳаҳо содир гардид», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 28-уми октябри соли равон дар суди ноҳияи Ашт таҳти раёсати судяи ноҳияи Мастчоҳ Диловар Сафаров мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ба итмом расида, ӯ ба

11 соли зиндони низомаш шадид

маҳкум гардид.

Журналист ҳамчунин аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ дар муддати се соли пас аз адои ҷазо маҳрум гардида, ба пардохти товони зарар дар ҳаҷми беш аз 5 ҳазор сомонӣ ба ҷабрдидагон уҳдадор карда шуд.

Собиқ рӯзноманигор дар содир намудани ҷиноят аз рӯйи ду моддаи  Кодекси ҷиноятии ҶТ: 247 қисми  2 «тақаллубкорӣ» ва 250 қисми  2 «тамаъҷӯӣ» гунаҳкор дониста шуд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи иттилоъи паҳннамудаи ВКД Тоҷикистон, 24-уми июн ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ҳамин ноҳия Аҳадова Санавбар муроҷиат кардааст, ки 21-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ гирифтааст.

Сипас, такроран рӯзи 24-уми июн  Исмоилов М., барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст»,- оварда шудааст дар сомонаи ВКД.

Ҳамчунин Исмоилов М., зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт баъди гирифтани 400-сомонӣ аз Аҳадова бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи ноябри соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯйи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ба ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам гардида, 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.