Супориши раиси пойтахт оид ба харидории мебели истеҳсоли ватанӣ

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили  мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи бештарро дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ба ҳолати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида, муқаррар сохт, […]


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили  мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи бештарро дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ба ҳолати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида, муқаррар сохт, ки баҳри ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба афзудани  имконияту иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳои маҳаллӣ ҳангоми баргузории тендерҳои шаҳрӣ танҳо ба ширкатҳои ватанӣ оид ба таъмини эҳтиёҷоти ташкилоту идораҳои коммуналӣ зимни  хариди молу хизматрасонӣ  авлавият дода шавад.

Дар ин росто зикр гашт, ки харидории фурӯзонакҳои каммасраф аз Корхонаи давлатии фаърӣ “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” -и шаҳри Душанбе ва мебелҳо аз ҶММ “Тоҷикмебел”   роҳандозӣ гардад. Идома бар он, дастур фармуд, ки ҷиҳати таъминоти Муассисаи давлатии ”Равшании Душанбешаҳр” хатти истеҳсоли фурӯзонакҳои ҷавобгӯи талаботи муассисаи мазкур дар заминаи Корхонаи давлатии фаърӣ “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” ташкил карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.