Медалҳои тиллои толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи авруосиёӣ

Аз 23 то 25-уми ноябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи 5-уми байналхалқии Аврупо ва Осиё аз фанни технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати маорифи ҶТ, дар олимпиадаи мазкур, ки беш аз 250 даста ширкат намуданд, Тоҷикистонро ду даста аз гимназия-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ намуд. Ба […]


Аз 23 то 25-уми ноябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи 5-уми байналхалқии Аврупо ва Осиё аз фанни технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати маорифи ҶТ, дар олимпиадаи мазкур, ки беш аз 250 даста ширкат намуданд, Тоҷикистонро ду даста аз гимназия-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаи ниҳоӣ дастаи аввали Тоҷикистон дар ҳайати Тӯраев Меҳрубон (хонандаи синфи 10), Раҳмонов Хайём (хонандаи синфи 11) ва Каримов Фаррух сазовори ҷои аввал ва медали тиллои озмун гардиданд.

«Дастаи дуюм (Сафаров Акмал, Ғаффоров Дилшод ва Ғафурова Зарнисо -хонандагони синфи 11)-ро бошад, ҷои сеюм насиб гардид», – гуфта мешавад дар иттилои вазорат. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?