Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши Муколамаи ҳамкории Осиё

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар ҳамоиши дувоздаҳуми Вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО), ки дар таърихи 24-25 ноябри соли 2013 дар пойтахти Подшоҳии Баҳрайн шаҳри Манома, баргузор гашт, ширкат варзид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиши мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо гузориш […]


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар ҳамоиши дувоздаҳуми Вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО), ки дар таърихи 24-25 ноябри соли 2013 дар пойтахти Подшоҳии Баҳрайн шаҳри Манома, баргузор гашт, ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиши мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо гузориш дар бораи иқдомоти кишвар дар давраи раёсати он дар Муколамаи ҳамкории Осиё баромад карда, диққати ҳозиринро ба пешниходҳои Тоҷикистон доир ба таъсиси шабакаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои МҲО дар масъалаҳои офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об байни кишварҳои МҲО ва рушди саёҳат дар минтақаи Осиё ҷалб намуд. Маврид ба зикр аст, ки пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви МҲО мавриди дастгирӣ қарор гирифта, он дар эъломияи Манома, ки дар фарҷоми ҳамоиши дувоздаҳуми Вазирони корҳои хориҷии МҲО қабул гардид, дарҷ ёфт.

Дар ҳошияи иштирок дар ҳамоиши дувоздаҳуми Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои МҲО вохӯрии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Муовини вазири корхои хориҷии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуйен Фуонг баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодии тарафайн матраҳ гардида, ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон масьалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳоро дар чахорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо намояндагони Муғулистон, Уммон, Малайзия ва Баҳрайн мавриди муҳокима карор дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.