Муфаттиши парвандаи З.Саидов: Дар ташхиси ДНК сохтакорӣ ҷой надошт

Фирӯз Холмуродов, роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов мегӯяд, дар хулосаи аввали ташхиси ДНК, ки эҳтимоли падарии соҳибкорро тасдиқ мекунаду модараш ӯро ба таҷовуз ба номус айбдор кард, сохтакорӣ ҷой надорад. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ қотеъона имкони сохтакории ба ин монанд ҳуҷҷатҳоро рад намуда, дар ҳамин ҳол, изҳор дошт, худи […]


Фирӯз Холмуродов, роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов мегӯяд, дар хулосаи аввали ташхиси ДНК, ки эҳтимоли падарии соҳибкорро тасдиқ мекунаду модараш ӯро ба таҷовуз ба номус айбдор кард, сохтакорӣ ҷой надорад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ қотеъона имкони сохтакории ба ин монанд ҳуҷҷатҳоро рад намуда, дар ҳамин ҳол, изҳор дошт, худи ӯ то ҳол бевосита бо ташхиси ДНК-и «Био-Папа», ки чанд рӯз қабл аз ҷониби адвокатҳои соҳибкор ба суд пешниҳод гардид, шинос нашудааст. «Айни замон хулосаи ҳарду ташхис мавриди баррасии суд қарор дорад, ки ӯ ба он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад», – иброз дошт муфаттиш.

Ҷониби ҳимояи соҳибкор мегӯянд, алҳол аз суд посух нарасидааст. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор, ба наздикӣ ба суд оид ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати «ҷабрдида»-и аввал аз таҷовуз ба номус барои баёноти бардурӯғ дархост пешниҳод мегардад.

«Ба қавли «ҷабрдида», Саидов даст ба таҷовузи номуси ӯ зада, падари фарзандаш соҳибкор аст, аммо мутобиқи хулосаи озмоишгоҳи «Био Папа»-и шаҳри Маскав зерҳимояи мо падари кӯдаки ӯ нест. Аз ин бармеояд, ки ӯ ҳам дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва ҳам зимни мурофиаи судӣ баёноти бардурӯғ додааст», – гуфт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки ахири даҳаи дуюми моҳи ноябр Исҳоқ Табаров яке аз вакили мудофеи  Зайд Саидов дар рафти конфронси матбуотӣ гуфт, ки мутобиқи

ташхиси озмоишгоҳи москвагии «БиоПапа»

, зерҳимояти ӯ аслан падари фарзанди «ҷабрдидаи таҷовуз нест».

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.