Ғаллакорон ҷамъоварии ҳосили гандумро ба итмом расониданд


Аввали ҳафтаи равон маъракаи ҷамъоварии зироати ғалладона ва гандум дар Тоҷикистон ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, соли равон дар Тоҷикистон 872,9 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 2010,2 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 млн. 279,4 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 46,8 ҳазор тонна бештар мебошад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, ҳосилнокии зироати ғалладолна дар соли равон 29,4 сентнер аз як гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 сентнер зиёдтар аст. Имсол дар майдони 405 ҳазору 54 гектар зироати ғалладона кишт шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон ба ҳисоби миёна нархи чаканаи 1 кило орд дар бозорҳои шаҳри Душанбе – 2,86; Хуҷанд – 2,55; Қӯрғонтеппа – 2,80 ва Хоруғ – 3,10 сомониро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное