ВКХ: Тавофуқи Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» хушҳолкунанда аст

Дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи гуфтушунидҳои Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» зикр мегардад, ки ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» дар масоили барномаи ҳастаии ин кишвар хушҳолкунанда аст. «Аз як ҷониб эътироф намудани ҳаққи мусаллами Эрон ба татбиқи барномаи мусолиматомези ҳастаӣ ва аз ҷониби […]


Дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи гуфтушунидҳои Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» зикр мегардад, ки ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи давлатҳои «5+1» дар масоили барномаи ҳастаии ин кишвар хушҳолкунанда аст.

«Аз як ҷониб эътироф намудани ҳаққи мусаллами Эрон ба татбиқи барномаи мусолиматомези ҳастаӣ ва аз ҷониби дигар лағв намудани бархе аз таҳримҳои нисбати ин кишвар татбиқшуда омилҳои мусбати ин тавофуқ ба назар мерасанд», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, «Тоҷикистон ин иқдомоти аввалинро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, умедвор аст, ки марҳилаҳои минбаъдаи гуфтушунидҳо ба ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия мусоидат намуда, барои тақвияти сулҳу субот дар ин минтақаи ҳассос заминаи хубе хоҳанд шуд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.