Ғаллакорон ҷамъоварии ҳосили гандумро ба итмом расониданд

Аввали ҳафтаи равон маъракаи ҷамъоварии зироати ғалладона ва гандум дар Тоҷикистон ба итмом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, соли равон дар Тоҷикистон 872,9 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 2010,2 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 млн. 279,4 […]


Аввали ҳафтаи равон маъракаи ҷамъоварии зироати ғалладона ва гандум дар Тоҷикистон ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, соли равон дар Тоҷикистон 872,9 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 2010,2 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 млн. 279,4 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 46,8 ҳазор тонна бештар мебошад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, ҳосилнокии зироати ғалладолна дар соли равон 29,4 сентнер аз як гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 сентнер зиёдтар аст. Имсол дар майдони 405 ҳазору 54 гектар зироати ғалладона кишт шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон ба ҳисоби миёна нархи чаканаи 1 кило орд дар бозорҳои шаҳри Душанбе – 2,86; Хуҷанд – 2,55; Қӯрғонтеппа – 2,80 ва Хоруғ – 3,10 сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.