Эътимоди Раҳмон ба саҳми БОР дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусерро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории судбахши дуҷониба баррасӣ шуда, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ин муассиса ба кишвари мо дар ҳаҷми […]


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории судбахши дуҷониба баррасӣ шуда, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ин муассиса ба кишвари мо дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст. Ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо маблағи зиёда аз 650 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд барои дастгирии пайвастаи рушди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастгирии таҳияи лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон» арзи сипос кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бонки мазкур ҳамчунин дар маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳ ширкат хоҳад дошт.

Ҳарду ҷониб изҳори ҳамфикрӣ карданд, ки имкониятҳои истифоданашуда дар ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ҳанӯз зиёд аст.

Гуфтугӯйи судбахш атрофи барномаи дар ҳоли таҳияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2016 сурат гирифт. Таъкид гардид, ки дар ин барнома ба беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ ва рушди бахши хусусӣ бояд афзалият дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.