Исфара: Форуми сармоягузорӣ ба рушди шаҳр

Имрӯз дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузорӣ ба барномаи рушди шаҳри Исафра ба кор оғоз намуд, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, зимни суханрониҳо дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ […]


Имрӯз дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузорӣ ба барномаи рушди шаҳри Исафра ба кор оғоз намуд, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, зимни суханрониҳо дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Норинов ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзода дастовардҳои шаҳр тайи солҳои ахирро зикр намуда, ба иштирокчиёни форум иштироки фаъолона дар амалисозии лоиҳаҳо оид ба рушди минбаъдаи шаҳри Исфараро пешниҳод карданд.

«Дар кори форум мутахассисони 30 вазорату идораҳои кишвар, беш аз 100 нафар соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони 30 созмони байнулмилалӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои марбутаи ҷумҳурӣ, раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони сафоратхонаҳои Эрон, Белорус ва Қирғизистон дар ҶТ иштирок доранд», – гуфт манбаъ.

Котиби матбуотии раиси шаҳр зикр кард, ки дар форум барномаи рушди шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 муаррифӣ гардид ки аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст. «Ба барнома 338 лоиҳа ворид гардида, маблағи умумии он наздик ба 1,5 миллиард сомонӣ мебошад.  Лоиҳаҳо асосан ба бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зисту ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра рабт доранд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки аз рӯи натиҷаҳои форум имзои 4 созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукумати шаҳри Исфара ва соҳибкорони маҳаллӣ дар назар аст, ки мутобиқи онҳо ояндаи наздик дар Исфара чор корхонаи саноатӣ сохта мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.