Ҳукм нисбати «муллои ҷодугар» бетағйир боқӣ монд

Суди шаҳри Душанбе имрӯз шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми суди ноҳияи Сино нисбати Асадулло Иброҳимов, ахиран маъруф бо «муллои ҷодугар»-ро, ки рӯзи 24-уми октябр содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт. Ӯ ба 7 соли зиндони низоми шадид ва манъи баъди озодӣ машғул шудан ба фаъолияти динӣ ба муддати панҷ сол маҳкум шуда буд. Ин маълумотро […]


Суди шаҳри Душанбе имрӯз шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми суди ноҳияи Сино нисбати Асадулло Иброҳимов, ахиран маъруф бо «муллои ҷодугар»-ро, ки рӯзи 24-уми октябр содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт. Ӯ ба 7 соли зиндони низоми шадид ва манъи баъди озодӣ машғул шудан ба фаъолияти динӣ ба муддати панҷ сол маҳкум шуда буд. Ин маълумотро адвокати маҳкумшуда Мавлудхон Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ кард.

Ахири моҳи октябр

суди ноҳияи Сино

ӯро ба содир намудани амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ гунаҳкор эътироф карда, дар ҳаҷми 365 нишондоди ҳисоб (1 нишондод – 40 сомонӣ) низ ҷаримабандӣ кард. Мурофиаи судии мазкур таҳти раёсати судя Исмоил Давлатов дар 6 рӯз ба итмом расид.

Асадулло Иброҳимов тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – моддаи 139, қисми 2, банди “а” «Ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта» ва моддаи 247, қисми 2, банди «а» (Қаллобӣ) мутаҳҳам дониста мешавад.

Дар ин навор як зану як мард дида мешаванд ва гӯё мард бо қироати сураҳои Қуръон занро мебояд муолиҷа кунад. Аммо вай ҳангоми қироат ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Зан ба ин ҳаракатҳо зоҳиран мухолифате намекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.