Баёноти собиқ муовини нахуствазир дар мурофиаи судии Зайд Саидов

Дар мурофиаи имрӯзаи судӣ оид ба баррасии парвандаи соҳибкор Зайд Саидов собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Фаррух Муҳидинов баёнот дод. Бино ба иттилои адвокатҳои соҳибкор, Муҳиддинов ба суд ба сифати шоҳиди иловагӣ дар парвандаи ҷиноӣ дар қисмати айбдорӣ ба таҷовуз ба номуси ноболиғ, ки тибқи маълумоти тафтишот ӯ гӯё муддати 5 рӯз дар берун аз қаламрави […]


Дар мурофиаи имрӯзаи судӣ оид ба баррасии парвандаи соҳибкор Зайд Саидов собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Фаррух Муҳидинов баёнот дод.

Бино ба иттилои адвокатҳои соҳибкор, Муҳиддинов ба суд ба сифати шоҳиди иловагӣ дар парвандаи ҷиноӣ дар қисмати айбдорӣ ба таҷовуз ба номуси ноболиғ, ки тибқи маълумоти тафтишот ӯ гӯё муддати 5 рӯз дар берун аз қаламрави шаҳр қарор дошта, бо духтари ноболиғ алоқаи ҷинсӣ доштааст, даъват шуда буд.

«Ӯ далелҳои ҷониби ҳимояро тасдиқ намуда, баёнот дод, ки Саидов ҳамеша дар шаҳри Душанбе, дар дафтари кориаш қарор дошт ва агар ба ҷое ҳам мерафт, доимо бо ӯ дар тамос буда, нақшаи кориро баррасӣ мекард, зеро ӯ он замон муовини раиси Асссостсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон буд, ки онро Саидов роҳбарӣ мекард», – иброз дошт Шуҳрат Қудратов, яке аз ҳимоягарони соҳибкор.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи тамоми далелҳои айбномаҳо нисбати Саидов ба суд далелҳои хаттие пешниҳод шудаанд, ки даст надоштани ӯ дар ин гуноҳҳоро собит месозанд. «Ҳамин тариқ ҷаласаи судӣ ба итмом расид. Суд ба ҷонибҳоиҷиҳати омодагӣ ба музокирот вақт ҷудо кард. Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи оянда прокурор айбномаро қироат мекунад», – гуфт адвокат.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.