Cодироти сӯзишвориву барқ ба Афғонистон ба маблағи беш аз 50 млн. $

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 24,3 млн. $ маводи сӯзишворӣ ва ба маблағи 27,5 млн. $ нерӯи барқ содирот шуд. Бино ба маълумоти расмии Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 131,7 млн. $-ро ташкил додааст, ки […]


Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 24,3 млн. $ маводи сӯзишворӣ ва ба маблағи 27,5 млн. $ нерӯи барқ содирот шуд.

Бино ба маълумоти расмии Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 131,7 млн. $-ро ташкил додааст, ки ба 3,4% аз ҳаҷми муомилоти моли умумии хориҷӣ баробар аст.

Дар ин давра ба ҳиссаи воридот – 81 млн. $ ва воридот 50,7 млн. $ рост меояд. Суръати афзоиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо дар ин давра 89,8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дода, ба маблағи 15 млн. $ кам шудааст.

Ба номгӯи маҳсулоти аз Тоҷикистон ба Афғонистон содиршаванда нерӯи барқ – 2 млрд. 611,4 млн. кВт/соат, металлҳои сиёҳ – ба маблағи 3,9 млн. $, сабзавоту мева – 2,3 ҳазор тонна ба маблағи 475,3 ҳазор тонна ва ҳамчунин таҷҳизоту техника ва воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ дохил мешаванд.

Таркиби маҳсулоти аз Афғонистон ба Тоҷикистон воридшаванда пеш аз ҳама аз нуриҳои минералӣ, семент ва мандарин иборат буда, хусусияти мавсимӣ дорад. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ба маблағи 14,4 млн. $ 29,3 тонна шакар, ба маблағи 0,2 млн. $ 0,2 ҳазор тонна гӯши чорвои калони шохдор, ба маблағи 16,7 млн. $ 204,3 ҳазор тонна семент ва ба маблағи 6,9 млн. $ 21,9 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид гардидааст. Қисмати боқимондаи воридотро сигарет, картошка, тухмии пунбадона, автомашинаҳои сабукрав ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.