Машқҳои навбатии омодагӣ дар Фурудгоҳи пойтахт

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) оид ба дараҷаи омодагии фурудгоҳ машқҳои навбатии омӯзишӣ доир гардиданд. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, бо садо додани бонги хатар бахшҳои махсус, аз ҷумла гурӯҳи наҷотдиҳии садамавӣ, сухторнишонӣ, қисми санитарӣ-авиатсионӣ ва масъулини хадамот дар ҷойи эълоншудаи хатар, дар мӯҳлатҳои таъиншуда ҳозир шуданд. Аз ҷониби роҳбари машқи санҷишӣ […]

ASIA-Plus


Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) оид ба дараҷаи омодагии фурудгоҳ машқҳои навбатии омӯзишӣ доир гардиданд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, бо садо додани бонги хатар бахшҳои махсус, аз ҷумла гурӯҳи наҷотдиҳии садамавӣ, сухторнишонӣ, қисми санитарӣ-авиатсионӣ ва масъулини хадамот дар ҷойи эълоншудаи хатар, дар мӯҳлатҳои таъиншуда ҳозир шуданд. Аз ҷониби роҳбари машқи санҷишӣ ба масъулини хадамот ва бахшҳо дастури алоҳида дода мешуд. Ҳамагон пас аз расидан дар ҷойи таъин дарак меёфтанд, ки бонги хатар машқи навбатии омӯзишӣ буда, аз ҷониби Хадамоти таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳии  парвозҳо барои муайян намудани дараҷаи омодагии фурудгоҳ ба ҳолатҳои фавқулода эълон шудааст.

Сардори Хадамоти таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳии  парвозҳо Қудратулло Одинаев иброз дошт, ки машқи имрӯза дар пайи  садамаи дар фурудгоҳи Қазон рухдодаи ҳавопаймои мусофиркаш гузаронида мешавад. «Мо бояд омодагии ҳамешагӣ дошта бошем, то дар мавридҳои рух додани садама саривақт ва дуруст амал карда тавонем», – гуфт ӯ.

Дар фурудгоҳи Душанбе бобати омодагии ҳамешагӣ ба ҳолатҳои фақулодда пайваста дарсҳои назариявӣ гузашта бо салоҳдиди вазъ машқҳои амалӣ низ гузаронида мешаванд.

Бонги хатари имрӯза бори дигар нишон дод, ки бахшҳои махсуси хадамоти таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳии  парвозҳо, қисми тиббӣ, бахши сухторнишонӣ, хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ, хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи Душанбе дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд.

Машқи имрӯзаро нозирони амнияти парвозҳои фурудгоҳи Душанбе назора намуда, ба амалҳои иҷрошуда баҳои қаноъатбахш доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.