Шурӯъ аз моҳи октябр воридкунандагони гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулотро бо арзиши нисбатан поинтар дар муқоиса бо моҳи сентябр харидорӣ мекунанд, вале ҳаҷми воридоти ин навъи маҳсулот ҳамоно дар ҳоли коҳишёбист.
Аз КВД «Ғалла» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон арзиши 1 тонна гандуми навъи 3-юми содиротӣ аз Қазоқистон аз 220 $ шурӯъ мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи август арзиши он ба 345 $ ва ахири моҳи сентябр арзиши яклухти он ба 280 $ баробар буд.
«Поинравии нархи гандум ба ҳосили хуби имсолаи зироати ғалладона дар Қазоқистон вобаста буда, метавон тахмин кард, ки соли равон арзиши гандуму орди истеҳсоли Қазоқистон боло намеравад», – гуфтанд дар корхона.
Дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 501 ҳазору 99 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17% камтар аст. Ҳаҷми воридоти орд дар ин давра ба 178,1 ҳазор тонна баробар шудааст, ки дар қиёс бо нишондиҳандаи соли пешин 37% камтар мебошад.
Давоми моҳҳои январ-октябр дар Тоҷикистон 934,7 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% бештар аст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маснӯоти нонӣ коҳиш ёфта, 1,3 млн. тоннаро ташкил додааст.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар майдони 297 ҳазору 691 гектар зироати ғалладона кишт шуда, ҳаҷми ҳосили ҷамъоварда 1,2 млн. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 121,7 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз ҳаҷми умумии ҳосили зиротаи ғалладона 800 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 106,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.



