Эрон маблағгузорӣ ба бозсозии нақби «Истиқлол»-ро барқарор мекунад


Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ масъалаи анҷоми лоиҳаи бозсозии нақби «Истиқлол» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи корӣ оид ба ин масъала намояндагони як қатор сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва ширкатҳои эронии «Фароб», «Собир» ва «Садд ва туннели Порс», ки ба сохтмони иншоот машғул буданд ва ҳамчунин кормандони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Директори МД «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода»-и Вазорати нақлиёти ҶТ ва сармуҳандиси нақби «Истиқлол» Ҳабиб Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа масъалаи маблағгузории минбаъдаи бозсозии сохтмони нақб баррасӣ шуда, ҷониби Эрон уҳдадор шудааст, ки то нимаи моҳи декабр масъалаи ба ихтиёри ширкатҳои эронӣ фиристодани маблағҳоро ҳал мекунад.

«Мо ҳамчунин масъалаи мабалғгузории илоагиро баррасӣ кардем, вале ҳаҷми он маълум набуда, алҳол маблағгузории 6 млн. $ ба бозсозии иншоот, ки миёни ҷонибҳо баробар тақсим мешавад, мушаххас аст», – иброз дошт сармуҳандиси нақб.

Аввали моҳи октябри соли равон дар робита ба ин масъала иттилоъ дода будем, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои эронии худ арзиши корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро

дубора ҳисобу китоб

мекунанд.

Нақби «Истиқлол» бо масофаи беш аз 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад. Сарфи назар аз ба истифода додани нақб, сохтмони он то ҳанӯз нотамом боқӣ мемонад. Оби то ҳанӯз мудом ҷоришаванда дар дохили нақб роҳро хароб карда истодааст. Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки агар рафъи мушкилот таъҷилан оғоз нагардад, ояндаи наздик ҳаракати нақлиёт дар нақб ғайриимкон мегардад.

Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.

Даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд. Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное