Ян Кубиш: Афғонистон ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад

– Дар ҳалли мушкилоти маводи мухаддир Афғонистон ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад, зеро дар танҳоӣ ба рафъ кардани ин мушкилот қодир нест, – чунин мешуморад намояндаи махсуси Дабири куллии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш. «Бо Афғонистон боқӣ мондани ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди соли 2014 ва дастгирии он аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва молӣ низ хеле […]


– Дар ҳалли мушкилоти маводи мухаддир Афғонистон ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад, зеро дар танҳоӣ ба рафъ кардани ин мушкилот қодир нест, – чунин мешуморад намояндаи махсуси Дабири куллии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш.

«Бо Афғонистон боқӣ мондани ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди соли 2014 ва дастгирии он аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва молӣ низ хеле муҳим аст ва бидуни ин ҳама пуштибонӣ, тамоми изҳороти мубориза алайҳи мухаддирот танҳо сухан боқӣ мемонад», – гуфт ӯ дар ҷараёни вохӯрии ғайрирасмии сатҳи олӣ оид ба масоили мубориза алайҳи мухаддирот дар Душанбе.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки  пас аз соли 2014 низ ба иҷрои як қисмати ваколатҳои худ дар Афғонистон идома бахшида, «вале ин масъаларо Шӯрои амнияти СММ ҳал мекунад».

Ӯ бо таассуф зикр кард, ки имрӯз вазъи марбут ба мухаддирот дар Афғонистон «он қадр хуб набуда», се соли ахир тамоили афзоиши истеҳсоли мухаддироти афғонӣ ба мушоҳида мерасад.

«Ин сабабҳои зиёд дорад, вале дар навбати аввал бозгӯи он аст, ки Афғонистон, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти мухаддирот сар ба сар шуда наметавонанд», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи махсуси Дабири куллии СММ бар ин назар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти мухаддироти Афғонистон таваҷҷуҳӣ кофӣ зоҳир намесозад. «Умедворам, ки Шӯрои амнияти СММ минбаъд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат хоҳад кард», – афзуд ӯ.

Ҳамчунин Ян Кубиш изҳори умедворӣ кард, ки пас аз интихолоти президентӣ дар Афғонистон ҳукумати нави ин кишвар ба тадбирҳои муқовимат алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тақвият хоҳад бахшид.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.