Ба иллати таҳримоти ИМА Kont Bank сармояи худро афзуда натавонист

Дар робита ба ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати фаъолияти ҶСК «Kont Bank investment»  аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонк ҳаҷми сармояи худро афзуда натавонист. Сухангӯи ҶСП «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» Далери Абдулло ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бонк соли 2011 бо сармояи 50 млн. сомонӣ (беш аз 10 млн. $) таъсис дода […]


Дар робита ба ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати фаъолияти ҶСК «Kont Bank investment»  аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонк ҳаҷми сармояи худро афзуда натавонист.

Сухангӯи ҶСП «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» Далери Абдулло ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бонк соли 2011 бо сармояи 50 млн. сомонӣ (беш аз 10 млн. $) таъсис дода шуда, соли 2011 ҳаҷми сармояи оинномавии бонк то ба 150 млн. сомонӣ (31,4 млн. $) расонида шуд.

«Тӯли солҳои 2012-2013 то ба 500 млн. сомонӣ расонидани  сармояи бонк дар назар буд, вале бонк ба ин муваффақ шуда натавонист, зеро яке аз сабабҳои асоси он таҳримҳои Раёсати назорати дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА буд, ки аввали соли 2013 эълон гардида буд», – шарҳ дод. ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба даст доштан дар паҳнкунии аслиҳаи қатли ом Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали дороиҳои Kont Investment Bank ва молики он Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистонро боздошт намуда буд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Бонки миллии Тоҷикистон моҳи марти соли равон  фаъолияти Kont Bank Investment дар Тоҷикистонро

маҳдуд кард.

Котиби матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки мувофиқи қарори Раёсати БМТ, аз 28-уми март фаъолияти бонк дар самти кушодани филиалҳо ва иштирок дар имзои созишномаҳо бо мизоҷони муассисаҳои қарздиҳӣ маҳдуд карда шуд.

Kont Investment Bank” ба Бобак Занҷонӣ тааллуқ дошта, тобистони соли 2011 дар Душанбе таъсис ёфтааст ва муассисаш ширкати “Kont Kosmetik” аст, ки дар Туркия ҷойгир аст.  Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз “Kont Investment Bank” ҳамчунин соҳиби имтиёзи ширкатҳое чун “Asian Express Airline”, Kont Buil-ding, “Asian Express” аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Аввали моҳи майи соли равон раҳбарияти Kont Investment Bank муносибат доштани бонк бо тоҷири эронӣ Бобак Занҷониро рад намуда, изҳороти Вазорати молияи ИМА дар бораи қатъи амали дороиҳои бонкро беасос шуморида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.