Оғози вохӯрии ғайрирасмии сатҳи олӣ оид ба масоили мубориза бо мухаддирот

Имрӯз дар Душанбе мулоқоти ғайрирасмии сатҳи олӣ дар масъалаҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, арзёбӣ ва пешгӯиҳои инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз мекунад. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар кори мулоқот роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии  Афғонистон, Эрон, Покистон,  Қазоқистон, Қирғизистон,  […]


Имрӯз дар Душанбе мулоқоти ғайрирасмии сатҳи олӣ дар масъалаҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, арзёбӣ ва пешгӯиҳои инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз мекунад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар кори мулоқот роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии  Афғонистон, Эрон, Покистон,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Россия, Хитой, Америка, Туркия, ҳамчунин  намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар  ва ҷинояткорӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳузур доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон роҳҳои ягонаи босуботгардонии вазъ ва муқовимат ба густариши маводи мухаддир дар минтақа дар соли 2014-ро таҳия ва омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати қабули чораҳои қатъии зиддимухаддиротӣ арзёбӣ  менамоянд.  Ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус дода хоҳад шуд.

Намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ин мулоқот натиҷаҳои барномаҳои зиддимухаддиротии дар минтақа татбиқшуда ва дурнамои рушди вазъи нашъамандиро пешниҳод мекунанд. Ширкаткунандагон таҷрибаи пешқадами ҳамкориҳои байналмилалиро дар тафтиш ва ошкори парвандаҳои вобаста ба гурӯҳҳои маводи мухаддир дида мебароянд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин андешаҳо барои стратегияҳои нав дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима мешаванд. Аз натиҷаи он қабули Изҳороти муштарак дар назар аст.

Дар рафти Вохӯрӣ дар доираи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014”, ҳамчунин гузаронидани мулоқоти ҳамоҳангсозӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи барнома ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Дар мулоқот рафти иҷрои Барнома муҳокима шуда, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишварҳо баррасӣ мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.