Ифтитоҳи маркази солимии кӯдакони маъюб дар Кӯлоб бо дастгирии ИА

Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки директори созмони байнулмилалии «Миссия Восток» Барбара Ҷеймс ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов маросими ифтитоҳи маркази барқарорсозии саломатии кӯдакони қобилияти ҷисмониашон маҳдуд баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози ин лоиҳа дар созмон Раҷабалӣ Раҳмонов хабар дод, ин дуюмини чунин марказ дар шаҳри Кӯлоб мебошад, ки бо дастгирии […]


Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки директори созмони байнулмилалии «Миссия Восток» Барбара Ҷеймс ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов маросими ифтитоҳи маркази барқарорсозии саломатии кӯдакони қобилияти ҷисмониашон маҳдуд баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози ин лоиҳа дар созмон Раҷабалӣ Раҳмонов хабар дод, ин дуюмини чунин марказ дар шаҳри Кӯлоб мебошад, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо «Миисия Восток» ба фаъолият мепардозад.

«Бартарии марказҳои ифтитоҳгардида дар Кӯлоб ва Ховалинг дар он ифода меёбад, ки онҳо дар назди кӯдакистонҳо ҷойгиранд ва кӯдакон бидуни эҳсоси маҳдудият дар муҳити ягона бо ҳамсолони худ таълиму тарбия мегиранд», – гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии созмони байнулмилалии «Миссия Восток» дар Тоҷикистон 4 маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон – дуто дар шаҳри Кӯлоб ва яктогӣ дар ноҳияи Ховалингу шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.