Муаррифии маҳсулоти «Уралмаш НГО Холдинг» дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 3-4-уми декабри соли ҷорӣ намояндагони яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти истихроҷи нафту газ ва дастгоҳҳои пармакунӣ дар Русия – «Уралмаш НГО Холдинг» аз Тоҷикистон боздид мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни сафар баргузории маросими муаррифии маҳсулоти ширкат дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва […]


Рӯзҳои 3-4-уми декабри соли ҷорӣ намояндагони яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи таҷҳизоти истихроҷи нафту газ ва дастгоҳҳои пармакунӣ дар Русия – «Уралмаш НГО Холдинг» аз Тоҷикистон боздид мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни сафар баргузории маросими муаррифии маҳсулоти ширкат дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ҳамчунин вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти шаҳрдории Душанбе дар назар аст.

«Ғайр аз ин, мутахассисони «Уралмаш НГО Холдинг» аз чоҳи нафту гази майдони «Сариқамиш» боздид намуда, бо кори дастгоҳи пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п», ки ба дарозии чуқуртарини 6,5 ҳазор метр насб шудааст, аз наздик ошно мегарданд», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ширкат, моҳи июни соли 2010 ширкати «Уралмаш» ва гурӯҳи ширкатҳои United Capital Partners (UCP) дар бораи таъсиси бузургтарин ширкати истеҳсоли дастгоҳҳои пармакунӣ дар Русия – «Уралмаш Нефтегазовое Оборудование Холдинг» эълон интишор намуданд.

Фаъолияти «Уралмаш НГО Холдинг» ба лоиҳакашиву истеҳсоли ҳама гуна навъҳои дастгоҳҳои пармакунӣ ва пешниҳоди тамоми маҷмӯи хизматгузориҳо дар ин самт нигаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.