Суханронии раиси ҲНИТ дар Қазон оид ба мушкилоти ҳамгиройии минтақавӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ имрӯзҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия дар кори Форуми «Интегратсияи иқтисодии Евроосиё» ширкат дорад, ки бо ташаббуси Ҳукумати Тотористон ва Агентиии Федералии «Россотрудничество» баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар рӯзи аввали Форум Муҳиддин Кабирӣ дар мавзӯъи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар таҳкими робитаҳои интегратсионии минтақа» суханронӣ намуда, қайд кард, […]


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ имрӯзҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия дар кори Форуми «Интегратсияи иқтисодии Евроосиё» ширкат дорад, ки бо ташаббуси Ҳукумати Тотористон ва Агентиии Федералии «Россотрудничество» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар рӯзи аввали Форум Муҳиддин Кабирӣ дар мавзӯъи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар таҳкими робитаҳои интегратсионии минтақа» суханронӣ намуда, қайд кард, ки «ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар равандҳои интегратсионии барои ҳама кишварҳо судманд нақши мусбат бибозанд, аммо мушкилот ва чолишҳо низ кам нестанд. Аз ҷумла, суст ҳал шудани масоили марбут ба муҳоҷират, амалӣ нашудани санадҳои зиёди имзошудаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҳад зиёд сиёсӣ намудани проектҳои сирф иқтисодӣ байни кишварҳои минтақа аз муҳимтарин мушкилоти монеъшаванда барои ҳамкорӣ ва ҳамоиши бештар мебошанд».

Дар бораи мавқеъи ҲНИТ оиди равандҳои интегратсионии минтақа, Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки “… ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, новобаста аз гуногунии платформаҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии идеологиашон, аз равандҳои интегратсионӣ байни кишварҳои минтақа мебошанд. ҲНИТ низ аз ин равандҳо пуштибонии ҳаматарафа намуда, ҳарчи зудтар аз шиорҳо ба амалро омили аслии расидан ба натиҷаҳои воқеъӣ медонад. Мутаассифона, бо имзои даҳҳо санадҳои интегратсионӣ, ҳанӯз ҳам бештари онҳо ба марҳалаи иҷро нарасидаанд ва ин вазъият бар зарари ҳамаи миллатҳои минтақа мебошад. Тоҷикистон, ки дар гушаи ҷанубии минтақа дар шароити ниммуҳосараи комуникатсиони қарор дорад, аз иҷро нашудани санадҳои имзошуда ва вуҷуди монеъаҳои гуногун бештар аз ҳама зарар мебинад. Мо хоҳони ҷиддияти бештари шарикони кишварамон дар бардоштани қадамҳои ҷиддӣ ба самти ҳамгаройии минтақавӣ мебошем.”

Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба хатарҳои муштараки кишварҳои минтақа пас аз 2014, соли хуруҷи нерӯҳои НАТО гуфт: «…хатарҳое мисли тундгаройии сиёсӣ ва динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ҳамеша дар минтақа вуҷуд доштанд ва дар оянда, пас аз хуруҷи нато аз Афгонистон шояд бештар шаванд. Бешак, бояд омода буд ва ин хатарҳоро пешгирӣ кард. Вале, набояд мубориза бо ин хатарҳо аз ҳисоби маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва динии мардум сурат бигирад.»

Имрӯз кори форум идома ёфта, Муҳиддин Кабирӣ оид ба мушкилоти муҳоҷирати корӣ ибрози назар хоҳад кард. Дар кори форуми Қазон раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин, президенти Тотористон Рустам Минихонов, намояндагони парлумон ва аҳзоби сиёсии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон ҳузур доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.