AI: Бо Умедҷон Тоҷиев дар ҳабс бераҳмона муносибат мекунанд

Дар изҳороти рӯзи 28-уми ноябр пахшшудаи созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ Amnesty International ё худ Афви Байнулмилал изҳор мегардад, ки узви ҲНИТ ва сокини ноҳияи Исфара Умедҷон Тоҷиев аз 30-юми октябр дар ҳабс қарор дошта, то ҳанӯз аҳли оилааш аз дидори ӯ маҳруманд. Хабаргузории «Озодагон» иттилоъ медиҳад, ки ин созмон бо такя ба монобеи худ ва […]

ASIA-Plus


Дар изҳороти рӯзи 28-уми ноябр пахшшудаи созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ Amnesty International ё худ Афви Байнулмилал изҳор мегардад, ки узви ҲНИТ ва сокини ноҳияи Исфара Умедҷон Тоҷиев аз 30-юми октябр дар ҳабс қарор дошта, то ҳанӯз аҳли оилааш аз дидори ӯ маҳруманд.

Хабаргузории

«Озодагон»

иттилоъ медиҳад, ки ин созмон бо такя ба монобеи худ ва наздикони Тоҷиев аз боздошти худсарона, шиканҷаю фишор, таъмин набудани шароити муолиҷа ва маҳдуд будани дастрасии наздикону вакилони мудофеъ ба Тоҷиев изҳори нигаронӣ намудааст.

Ин созмон зикр мекунад, ки Тоҷиеви 34-сола, ки ба хоҷагидорӣ машғул будааст, 30-уми октябр, аввал бо иттиҳоми маъмурӣ боздошт шуда, баъдан ӯро водор кардаанд, ки худро “террорист” эътироф кунад: “Аз 30-юми октябр то 2-юми ноябр, чанд маъмури пулис, аз ҷумла ноиби сардори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исфара ба сари Тоҷиев халта кашида, ӯро давоми чанд рӯз бе хоб, об ва ғизо гузоштаанду мавриди шиканҷа қарор додаанд. Барои он, ки осори шиканҷа боқӣ намонад, аз латтаи тар истифода карда, Тоҷиевро мавриди таъсири шиддати барқ қарор додаанд.”

Дар изҳороти ин созмон омадааст, дар пайи ин ҳама Тоҷиев фурсат ёфта, худро аз ошёнаи сеюм партофтааст. “Ман одами диндорам ва медонам, худкушӣ гуноҳи азим аст. Лекин ман илоҷи дигар надоштам, медонистам дар ин ҷо касе ба додам намерасад. Ман хостам, диққати ҷомеаро ҷалб кунам. Ин як шакли эътироз буд. Он ҷо маҷбур будам, ҳар чизеро, ки маъмурин мехостанд, ман ба дӯш мегирифтам.”

Дар ҳамин ҳол Созмони авфи байналмилал мегӯяд, Тоҷиев ҷароҳати вазнин бардошта, вале дар беморхона табобати зарурӣ нагирифта дубора ба боздоштгоҳ интиқол дода шудааст. Ин созмон аз дастрасии маҳдуди наздикону вакилони дифоъ ва шароити номусоиди табобати Тоҷиев изҳори нигаронӣ намуда, дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода, додситонии кулли кишвар изҳор медорад, ки чунин ҳолатҳо дар Тоҷикистон бисёр сар мезананд. Созмони авфи байналмилал аз масъулини Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб дорад, ки чунин қазияҳоро пайгирӣ кунанду барои баррасии мунсифона ва муҷозоти муҷримон мусоидат намоянд.

Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ айбдор гардид. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин қазия хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад.



Манбаъ: Хабаргузории «Озодагон» 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.