Миннатдории Зуҳуров ба нозирони ИДМ барои арзёбии воқеъии интихоботи президентӣ

Дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург масъалаи иштироки нозирони байнулмилалӣ аз ин сохтор дар мониторинги интихоботи президенти Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербург котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳров зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон […]


Дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург масъалаи иштироки нозирони байнулмилалӣ аз ин сохтор дар мониторинги интихоботи президенти Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербург котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳров зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ширкат варзиданд.

«Зуҳуров таъкид дошт, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дар фазои орому осуда, мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифта, гурӯҳи нозирони ИДМ аз ҷараёни баргузории он қаноатманд ва ягон қонуншиканиеро, ки метавонист ба ҷараёни он таъсири ҷиддӣ гузорад, ошкор накард», – гуфт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар идома Зуҳуров барои иштироки фаъолона ва арзёбии воқеъии ҷараёни интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиёни гурӯҳи нозирон, аз ҷумла шӯро, котиботи шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва вакилони парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ миннатдорӣ изҳор намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.