Тағийрот ба қонуни санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» баррасӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳадаф аз ворид намудани тағйироту илова ба ин қонун танзими раванди санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мебошад. «Аксаран корхонаҳо аз санҷишҳои зиёд шикоят […]


Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳадаф аз ворид намудани тағйироту илова ба ин қонун танзими раванди санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мебошад.

«Аксаран корхонаҳо аз санҷишҳои зиёд шикоят мекунанд ва мо ният дорем, ки раванди санҷишро ба танзим оварем, то ки андозсупорандагони бовиҷдон камтар аз ҷониби мақомот мавриди санҷиш қарор гирифта, ба ин васила онҳо ба саривақт иҷро кардани уҳдадориҳояшон ҳавасманд мегарданд», – шарҳ доданд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар ҳоли бозбиниву таҳия қарор дошта, ахири ҳамин сол ба баррасии парлумон пешниҳод хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.