Наришкин Зуҳуровро бо сафари расмӣ ба Русия даъват кард

Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин гуфтушунид анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербург котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуда, Зуҳуров […]


Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербург котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуда, Зуҳуров изҳор кард, ки роҳандозии муносибатҳои боэътимод бо парлумони Русияро Тоҷикистон яке аз дастовардҳои асосӣ арзёбӣ мекунад.

«Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Сергей Наришкин барои дастгирии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ аз ҷониби Русия изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки ин дастгирӣ ба рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттиҳоди ду кишвар созгор аст», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, танзими раванди муҳоҷирати корӣ, маориф, кишоварзӣ, энергетика, мубориза бо ифротгароӣ ва терроризми байнулмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд.

«Раиси Думаи давлатии Русия низ манфиатдории кишвараш дар густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро баён дошта, аз Зуҳуров даъват ба амал овард, ки дар ҳама гуна вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Русия ташриф орад», – афзуд М.Султонов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.