Кӯлоб: Ҳукми 2 соли зиндон ба нозири мизи ҳарбӣ барои порадиҳӣ

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Пировро барои кӯшиши порадиҳӣ ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Судяи суди гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Пиров, сокинони ҷамоати мазкур Мӯсо Шеров ва Абдураҳмон Шеров дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Пировро барои кӯшиши порадиҳӣ ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Судяи суди гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Пиров, сокинони ҷамоати мазкур Мӯсо Шеров ва Абдураҳмон Шеров дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и КҶ ҶТ (Додани пора) гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Тибқи маводи тафтишот, парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ҳамин ҷамоат, наваскар Э.Шеров мутобиқи моддаи 375, қ. 1-и КҶ ҶТ (Фирор аз хизмати ҳарбӣ) дар истеҳсолоти прокуратураи гарнизони Хатлон қарор дошта, нозир Маҳмуд Пиров аз корманди прокуратураи ҳарбӣ дархост мекунад, ки наваскар Э.Шеров ба маҳкама кашида нашавад ва барои ин ба сифати пора ба ӯ 500 доллари ИМА пешниҳод мекунад.

Рӯзи 24-уми сентябри соли равон Маҳмуд Пиров бо далели шайъӣ боздошт шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и КҶ ҶТ (Додани пора) айбнома пешниҳод гардид. Дар парвандаи ҷиноии мазкур падари наваскар Мӯсо Шеров ва яке аз наздикони ӯ Абдураҳмон Шеров низ ҳузур доштанд.

«Дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуноҳи ин се нафар пурра исбот гардида, ҷонибҳо дар муҳлати муқарраршуда тибқи қонун метавонанд аз болои он шикоят баранд», – афзуд Мирмахсумов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.