Рӯзҳои наздик президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳукумат идома мебахшад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар фурсати наздиктарин тағийроти кадрӣ дар мақомоти раҳбарии як қатор агентиҳо, кумитаҳои назди ҳукумат ва президент дар назар аст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин сохтори Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон низ бозбинӣ мешавад.
«Ҳоло мақомоти раҳбарии Кумитаи тозатаъсиси рушди минтақаҳои назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва муовинони як қатор вазирон таъин нашудаанд», – гуфт сарчашмаи хабар.
Дар идома зикр гардид, ки чанде аз сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони ҷумҳурӣ дар ниҳоду созмонҳои байнулмилалӣ низ иваз мешаванд.



