Хатлон: 13 млн. сомонӣ маблағгузории як соҳибкор барои сохтмони ду бино

Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон соҳибкори инфиродӣ Анвар Қурбонов ба сохтмони бинои сеошёнаи Маркази хизматгузорӣ ва бинои дуошёнаи чойхонаи миллӣ оғоз кард, ки арзиши умумии ин ду иншоот 13 млн. сомониро ташкил медиҳад. Як сарчашмаи наздик ба соҳибкор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин […]


Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон соҳибкори инфиродӣ Анвар Қурбонов ба сохтмони бинои сеошёнаи Маркази хизматгузорӣ ва бинои дуошёнаи чойхонаи миллӣ оғоз кард, ки арзиши умумии ин ду иншоот 13 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Як сарчашмаи наздик ба соҳибкор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот на камтар аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, дар Маркази хизматгузорӣ таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ, хизматгузориҳои хурд ба аҳолӣ ва меҳмонхона дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар қаламрави ҷамоатҳои Кангурт ва Қарақамиши ин ноҳия сохтмони 6 пул аз болои дарёи Оби Тоир идома дорад. Котиби ҷамоати Қарақамиш Амирхон Ёқубов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пули дар ин қаламрав бо дарозии 120 метр мавриди бунёд қарордошта 6 маҳаллаи аҳолинишинро бо маркази ноҳия пайваста, барои баромадан ба роҳи таъиноти ҷумҳурӣ шароит фароҳам меоварад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.